Гар бар дари ӯ судаме рухсори гардолудро

Гар бар дари ӯ судаме рухсори гардолудро,
Осудахотир кардаме ин ҷони ғамфарсудро.

Хоке, ки наълайни ту суд, аз дида дорам дӯсттар,
Аз моя, оре, дӯсттар доранд мардум судро.

Саҳл аст, агар холи лабат сӯзад ба доғи ғам дилам,
Аз баҳри ҳалво метавон бурдан ҷафои дудро.

Гӯши Аёз аз нолаи бетоқатон гардад гарон,
Бар пушти пилон гар ниҳӣ бори дили Маҳмудро.

Гар омадӣ иқди сари зулфат ба дасти ман шабе,
Бо ӯ ҳисобӣ кардаме ғамҳои номаъдудро.

Вақте зи ошиқнокушӣ будӣ зи ту моро гила,
Имрӯз розӣ сохтӣ дилҳои нохушнудро.

Гуфтӣ, Камол, ар ошиқӣ, пеши рухи ман сӯз ҷон,
Кас пеши оташ сӯхтан таълим надҳад удро.