Моро ба ишқ мекунад иршод пири мо

Моро ба ишқ мекунад иршод пири мо,
Донад, ки зоҳидӣ набувад дилпазири мо.

Дил ҷойи меҳри туст, чӣ пинҳон кунем роз?
Чун равшан аст пеши ту мофиззамири мо.

Ҷон медиҳем туҳфа ба боду намебарад,
Хиҷлат ҳамебарад зи матои ҳақири мо.

Дар ҳусну ҳусни аҳд наёбем солҳо
Ҳам мо назири он маҳу ҳам ӯ назири мо.

Гуфтам: Фирист новаке аз кеши хеш. Гуфт:
Тарсам, ки боз чашм бидӯзӣ ба тири мо.

Тороҷи умр саҳл бувад, гар кунӣ ба васл
Мискиннавозии дилу ҷони асири мо.

Дасти Камол гир, ки бе ту зи по фитод,
Эй раҳмати ту дар ду ҷаҳон дастгири мо!