Масти ишқам зи харобот маёред маро

Масти ишқам зи харобот маёред маро,
То абад бар дари майхона гузоред маро.

Бодаи поки равон пеши ман оред даме,
Охир аз покравон чанд шуморед маро?!

Ман, ки имрӯз зи тасбеҳ ба истиғфорам,
Беш дар савмаа маҳҷур мадоред маро.

Дилам аз зулфи бутон силсила дорад бар пой,
То ки аз ҳалқаи риндон бадар оред маро.

З-обрӯ даст тавон шустану аз май натавон,
Магар он рӯз, ки бо хок супоред маро.

Дишаб аз майкада сармаст ба дӯшам бурданд,
Гӯ, чунин ҳам ба дари дӯст бидоред маро.

Гар ҳарифона биёед ба сарвақти Камол,
Шакари ноб маёред, май оред маро.