Макаш бар ҳар диле тиру макуш боз аз ҳасад моро

Макаш бар ҳар диле тиру макуш боз аз ҳасад моро,
К-аз он мижгон зи сад новак саду як мерасад моро.

Ба ҳиҷрон ҷангҳо дорем бе зулфу даҳони ту,
Аз ин миму ду дол имрӯз мебояд мадад моро.

Рақибо, чанд чун об аз ту бошад пойи ман ларзон?
Раҳо кун, боғбон, як дам ба пойи сарви худ моро.

Дили мо мекашад хатте, ки омад ҷониби рӯяш,
Ҳамеша ҷониби рӯйи накӯ дил мекашад моро.

Намехуспанд мурғони чаман аз нолаам шабҳо,
Ки болодаст шуд оҳ аз ғами он сарвқад моро.

Зи кӯяш бар кафан гарде агар бо худ тавон бурдан,
Даре аз равза бикшоянд бар хоки лаҳад моро.

Камол, ин решро сурат набандад марҳаму дармон,
Чу ин доғ аз азал омад, бисӯзад то абад моро.