Ёр бигзид бевафоиро

Ёр бигзид бевафоиро,
Рафту бибрид ошноиро.

Ҳама ғамҳо ҷудо-ҷудо бикашам,
Ҷуз ғаму ғуссаи ҷудоиро.

Шайъу ли-л-Лаҳ маро зи рӯйи накӯст,
Ман накӯ мекунам гадоиро.

Хонаро гар набошад аз ту чароғ,
Чӣ кунад дида рӯшноиро?!

Бартар аз даст норасоии мост,
Ки гузидем порсоиро.

Зоҳид аз шаҳри ишқ рахт кашид,
Ақл бинед рустоиро.

Гуфтамаш: Хоки роҳи туст Камол,
Гуфт: Бигзор худнамоиро!