Он рух набинам, ар набурӣ зулфи пур зи тоб

Он рух набинам, ар набурӣ зулфи пур зи тоб,
Шаб мунқатеъ нагашта, набинад кас офтоб.

Бар гӯшаи узори ту мастест хуфта чашм,
Наздики субҳ аз пайи он меравад ба хоб.

Дандони шона мекашад он чини зулфу бас,
Номаш хато набуд, ки хондем мушки ноб.

Гуфтӣ: Пас аз ҳалоки ту даст аз ҷафо кашам,
Эй умри ногузир, чаро мекунӣ шитоб?!

Шавқи руху лаби ту зи дил хун чаконд, хун,
Аз оташу намак кунад ин гиряҳо кабоб.

Нақши лабат ҳамеша ба хун баркашад сиришк,
Ҳамчун муҳаррирон, ки ба сурхӣ кашанд боб.

Хатҳои ашк бар варақи чеҳраи Камол,
Гар оядат ба чашм, равон хонияш ҷавоб.