Абдураҳмони Ҷомӣ

Шоҳиди гул боз зангорӣ ниқоб андохта

Шоҳиди гул боз зангорӣ ниқоб андохта,
Булбули дилдодаро дар изтироб андохта.

Наргису лола ба рӯйи сабза, пиндорӣ, ба хоб
Масте афтода, зи каф ҷоми шароб андохта.

Чодари кофурии худро шукуфа шустушӯй
Карда субҳу чоштгаҳ бар офтоб андохта.

Акси гул дар обу гил берун, ҳамоно гулрухе
Пераҳан карда бурун, худро дар об андохта.

То ба пойи ҳар дарахте хаймаи ишрат занӣ,
Бин, ки шоҳ аз соя чун мушкинтаноб андохта.

Бар сари ҷанг аст абр инак, ки дар оби шамар
Тири борон бар сари хӯди ҳубоб андохта.

Килки Ҷомӣ то сари зулфи сухан пероста-ст,
Рашки он дар ҷаъди сунбул печутоб андохта.