Бо рухи он маҳ ба даъво гар барояд офтоб

Бо рухи он маҳ ба даъво гар барояд офтоб,
Кай намояд зарра, ҳар ҷо рух намояд офтоб?!

Сӯхтам аз ҳасрат, эй абр, афкан он ҷо сояе,
То дигар бар хоки пояш рух насояд офтоб!

Ту рав, эй дарбон, ки ман дар сояи девори ӯ
Менишинам мунтазир, чандон ки ояд офтоб.

Баъд аз он, к-он рӯйи равшан офтоб аз дур дид,
Гар бар ӯ бандӣ дар, аз равзан дарояд офтоб.

Офтоб ар гӯядат «ман бо ту мемонам», маранҷ,
Чун ба худ гарм аст, худро меситояд офтоб.

Дар сари зулфат гирифтаст офтоб аз дер боз,
Ҳалқае бикшо аз он мӯ, то кушояд офтоб.

Мекашад баҳри ту, гуфтам, дарди сар доим Камол,
Гуфт: Нашнидӣ, ки дарди сар фазояд офтоб?