Ҷониби мо хуб меояд. Кӣ меояд? Ҳабиб

Ҷониби мо хуб меояд. Кӣ меояд? Ҳабиб
В-аз пайи ӯ зишт меояд. Кӣ меояд? Рақиб.

Барнатобад ҷони мо дарди сари ҳар кас дигар,
Менишинад дарди ӯ дар дил, ту бархез, эй табиб!

Чун кашӣ хони бало пеши ҷигархорони ғам,
Ин гадои камтаринро бештар фармо насиб.

Раҳмате, гар мекунад чашми ту бар афтодагон,
Дурри ашки ман ятим асту мани мискин ғариб.

Гар ба меҳроб ояти нури рухат хонад имом,
Оташ афтад дар даруни минбар аз оҳи хатиб.

Дам ба дам ҷоне ба тан меоядам, чун вақтҳо
Боди тоиб вақтҳо меорад аз зулфи ту тиб.

Чист ин тезӣ, рақибо, ҳар замонат бо Камол?
Пеши гул, эй боғбон, аз хор беҳтар андалеб.