GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Вақти гул тарки маю ҷом, ки чӣ?

Вақти гул тарки маю ҷом, ки чӣ?
Дурӣ аз ёри гуландом, ки чӣ?

Маҷлисорост гули тавбашикан,
Тавба аз бодаи гулфом, ки чӣ?

Майпарастон ҳама дар рақси тараб,
Гар гаронҷон найӣ, ором, ки чӣ?

Сухани ишқ магӯ бо зоҳид,
Нуктаи хос бари ом, ки чӣ?

Гӯш бар туст дуогӯёнро,
Зери лаб додани дашном, ки чӣ?

Куштаи чашми туам, зулф бипӯш,
Мурғи бисмилшударо дом, ки чӣ?

Чанд аз он лаб талабӣ, Ҷомӣ, ком,
Пеши аҳли карам ибром¹, ки чӣ?

¹ Ибром – исрор, истодагарӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада
Абдураҳмони Ҷомӣ То ба чашми ту сурма раҳ карда
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ба хубӣ рухи ту аз маҳ беҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Сарви ман, бар рухи гул ҷаъди сумансой манеҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай маро аз оташи савдои ту ҷон сӯхта
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай шакли қаддат пайкаре аз сими соро рехта
Абдураҳмони Ҷомӣ Моем зи машраби муғона
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай чу ҷон дар дили ман ҷо карда
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ба боло балои ҷони ҳама
Абдураҳмони Ҷомӣ То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР