Чу офтоб фиканд аз рухи замона ниқоб, Бирез дар қадаҳи гавҳарӣ ақиқи музоб.

Чу офтоб фиканд аз рухи замона ниқоб,
Бирез дар қадаҳи гавҳарӣ ақиқи музоб.

Хурӯши нолаи мастон ба гӯши ӯ бирасид,
Вагарна мардуми чашмам куҷо шудӣ дар хоб?

Чу мутриби ғами ӯ чанг зад ба домани ман,
Зи гӯшмоли ҷафо нола мекунам чу рубоб.

Зи ҷайби пераҳан андоми нозанин бинаш,
Чунон ки аз танаи шиша қатраҳои гулоб.

Агарчи рехтани хун ба ҳукми шаръ хатост,
Бирез хуни суроҳӣ, ки ҳаст айни савоб.

Туро ба чашмаи ҳайвон чаро кунам ташбеҳ,
Ки ҳаст ташнаи лаъли ту гавҳари сероб.

Кунун, ки ҷаври фироқ аз ту бар Камол расид,
Зи дасти дида фитодам чу коса бар сари об.