Ҳоли дарди худ муҳиб ҳаргиз нагӯяд бо табиб

Ҳоли дарди худ муҳиб ҳаргиз нагӯяд бо табиб,
Сахт бедардӣ бувад нолидан аз дарди ҳабиб.

Бӯса бар пойи саги кӯйи ту хоҳам зад шабе,
То бишӯям лаб, ки бӯсидам ба он дасти рақиб.

Эй ки хоҳӣ дод бахши ғам ба мискинони хеш,
Чун манат мискинтарам, боре ба ман деҳ он насиб.

Гуфта будӣ, «бар дилат хоҳам задан тире дигар»,
Ё Раб, ин давлат чӣ хуш будӣ, ки будӣ анқариб.

Пираҳан шуд чок бар тан гулрухони боғро,
Баски аз зулфи ту пур карданд доманҳо ба тиб.

Сояе аз мо – ғарибон, эй аҷаб ҳайф омадат,
Сарвию аз сарв кӯтаҳҳимматӣ бошад ғариб.

Бар сар оӣ аз ҳамовозон ба хушгӯйӣ, Камол,
Гар сару ҷон бар сари сарве кунӣ чун андалеб.