Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб

Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб,
Ҷонам аз наргиси масти ту хароб аст имшаб.

Тани ранҷури ман аз дасти дилу дида чу шамъ
Гоҳ дар оташу гаҳ бар сари об аст имшаб.

Заҳмати хеш бибар аз сарам, эй мардуми чашм,
Ки миёни ману ӯ дида ҳиҷоб аст имшаб.

Соқиё, шамъ ба пиромани маҷлис бинишон,
То надонанд, ки моро сари хоб аст имшаб.

Дар дили шаб асари нури қамар пайдо нест,
Магар аз зулфи ту бар моҳ ниқоб аст имшаб?

Чашми масти ту надонам, ки ба мастон зи чӣ рӯй
Аз сари арбада дар айни итоб аст имшаб?

Дӯст меҳмони Камол аст, биёред шароб,
Ки дили душман аз ин ғусса кабоб аст имшаб.