Дил муқими кӯйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб

Дил муқими кӯйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?

Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли ман?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб.

Ҳаргиз аз рӯйи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли худ,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб!