Дӯш расидам ба гӯш аз лаби ҷонон хитоб

Дӯш расидам ба гӯш аз лаби ҷонон хитоб,
Эй дил, агар ошиқӣ, дида бипӯшон зи хоб!

Нақши хаёлат, ки ҳеч дур мабод аз назар,
Хоб чӣ бошад, ки нест дар назарам ҷойи хоб.

Баски латиф аст он орази нозук, бар ӯ
Чунки назар мекунӣ, мечакад аз дида об.

То ба садорат нишаст ишқи ту дар синаам,
Шуд ҳавасободи дил аз ситами ӯ хароб.

Бе ту набошад сабот ҳастии моро, бале,
Зарра нагардад падид, то набувад офтоб.

Дар ҳақи мо, эй рақиб, ҳар чӣ бихоҳӣ, бигӯй,
Нест ба ҳамчун туе, беҳ зи хамӯшӣ ҷавоб.

Ҳосили тақвову зуҳд дар сари риндӣ, Камол,
Кардию сар бар накард ҳамчу ҳубоб аз сароб.