Рафтам аз даст, мани бесарупоро дарёб

Рафтам аз даст, мани бесарупоро дарёб,
Подшоҳӣ, зи сари лутф гадоро дарёб.

Бе гули васл дилозурдаам аз дарди фироқ,
Булбули хастаи бебаргунаворо дарёб.

Бар дарат дербадерӣ, ки равам, гӯ ба рақиб,
Ки биё, ошиқи деринаи моро дарёб.

Зери лаб ин ҳама дашному дуо, гӯ, чӣ кунӣ?
Лутф кун, бӯсею мақсуди дуоро дарёб.

Ваъдаи васли туро гарчи вафо мумкин нест,
Ҳам бар он ваъда дили аҳли вафоро дарёб.

Ҷон ба лаб мерасад аз ташнагиям, пеш биё,
Эй лаби ташна, ба бӯс он кафи поро дарёб.

Дастбӯсе гарат аз дӯст таманност, Камол,
Марҳабо гӯ ғами ӯрову балоро дарёб!