Анбар аст он доми дил, ё мушки ноб?

Анбар аст он доми дил, ё мушки ноб?
Ё зи сунбул бар гули сурӣ ниқоб?

Ё зи шаъри сабз бар маҳ соябон?
Ё ҳарир аст он ба гирди офтоб?

Дурҷи ёқут аст, ё оби ҳаёт?
Ё ниҳон дар лаъли майгун дурри ноб?

ҳар дам аз лаъли лаби ҷонпарварат
Меравад сарчашмаи ҳайвон дар об.

Дорам аз чашмат аҷоиб ҳолате,
Ман хароби масту ӯ масти хароб.

Дил надорад бе лаби лаълат намак,
Бе намак завқе намеёбад кабоб.

Тӯтии табъи Камол аз васфи ту
Мефишонад дар сухан дурри хушоб.