Лаъли дурахшон нигар, ғайрати ёқути ноб

Лаъли дурахшон нигар, ғайрати ёқути ноб,
Лолаи сероб бин, бастаи сунбул ниқоб.

То шавад аз зулфи ӯ ҳуҷҷати хубӣ тамом,
Хатти мусалсал кашид бар варақи офтоб.

Эй гули райҳони ту сунбули бӯстонфурӯз,
Турраи маҳпӯши ту силсилаи мушки ноб.

Аз арақи рӯи туст орази гул қатрае,
Чунки зи шабнам фитад бар рухи насрин гулоб.

Боди сабо дар чаман васфи ҷамоли ту кард,
Шуд ба гулистон зи шарм лолаи сероб об.

Қимати гавҳар шикаст бар сари бозори ҳусн,
Лаъли лабат чун намуд донаи дурри хушоб.

ҳаст нишони рухат ояти хубӣ дуруст,
Нест ба мушки Хито нисбати зулфат савоб.

Гар равад аз ҳаҷри ту хуни дили ман, равост,
Чун набувад хунчакон бар сари оташ кабоб?

Ҷаври ғамат бар Камол, чунки камоле гирифт,
З-оташи ҳаҷраш мадор рӯзу шаб андар азоб.