Матлаи анвори ҳусн аст он рухи чун офтоб

Матлаи анвори ҳусн аст он рухи чун офтоб,
Матлае гуфтам бад-ин хубӣ, кӣ мегӯяд ҷавоб?

Бо ту чун зулфат чӣ хуш бошад шаб овардан ба рӯз,
Кошки ин давлати бедор медидам ба хоб.

Гӯ, дили решам биҷӯед он ду чашм аз рӯи лутф,
З-он ки бар мастон басе ҳаққи намак дорад кабоб.

Дар миёни дидаву дидори ҷонафрӯзи дӯст
Чанд монеъ мешавӣ? Ё Раб, бирафтӣ, эй ниқоб!

Чашми тар хоки дарат хоҳад, фикан дар доманаш,
Мардумон гӯянд: «Некӯӣ куну афкан дар об».

Эй имом, он абрувон гар дар намоз орӣ ба чашм,
Баъд аз ин меҳробро чун чашми ӯ бинӣ ба хоб.

Қиссаи парвона фардо бозпурсанд аз чароғ,
Гуфт: Не, эй равшанӣ, валлоҳу аълам биссавоб.

Гуфтамаш: Дар ишқи рӯят фатвие дорад Камол:
Дур чакон, яъне ҷавобе гӯ, на бар ваҷҳи итоб.