Ман талаб кардам висолаш рӯзу шаб

Ман талаб кардам висолаш рӯзу шаб,
Ёфтам, инак, ба ҳукми «ман талаб».

Ҳалқаи қалъакушои «ман қараъ»
Бар дилам бикшод дарҳои тараб.

Аз Мадина шамъ гиранду чароғ,
Чанд меоред қандил аз Ҳалаб?

Каъбаи дилро зад оташ ишқу сӯхт
Дар таби Таббат тани сад Бӯлаҳаб.

Яъне, аз мо ишқ омӯзед, ишқ,
Чанд хонӣ, беадаб, илми адаб?

Дар китоби иззат аст ин интихоб,
Гар суоле дорӣ, инак, мунтахаб.

Дар Аҷам фатҳи сухан кардӣ, Камол,
Фа-фтаҳ абвоб-ал-маонӣ фи-л-Араб.