Обе куҷост, к-оташи ишқам ҷигар бисӯхт

Обе куҷост, к-оташи ишқам ҷигар бисӯхт
В-ин барқи ҷонгудоз ҳама хушку тар бисӯхт.

Мурғи сапедадам, ки хабар додӣ аз туам,
Акнун намедиҳад, магараш болу пар бисӯхт?

Бояд, ки шамъро нарасад боду оташе,
Парвонаи заиф чӣ бошад, агар бисӯхт?

Бозам бисӯхт оташи ҳиҷрони ту ҷигар,
Дидӣ, чӣ гуна сӯхт, ба боре дигар бисӯхт.

Гуфтам, ки сӯзи оташи дил кам шавад ба ашк,
Ин сӯз кам нагашт, аз он ҳам батар бисӯхт,

Месӯхт ёру шамъи гудозону пас Камол
Аз шамъ андакеву аз ӯ бештар бисӯхт.