Он чашми нимамаст ҷаҳоне хароб сохт

Он чашми нимамаст ҷаҳоне хароб сохт,
Дилҳо бисӯхт нимею ниме кабоб сохт.

Сайёдвор ғамзаи шӯхаш зи зулфу хол
Бинҳод дому донаву худро ба хоб сохт.

Шармандаанд аз рухи зебо-ш навхатон,
Оре, сиёҳрӯ ҳамаро офтоб сохт.

Аз қанд то бисохт шароб он лаби латиф,
Моро насохт шарбату дигар шароб сохт.

Дар кӯйи ёр дидаи гирён барои хеш
Ҳамчун ҳубоб хона ба болои об сохт.

Дар ҳуққа карду бурд даҳони ту аз миён,
Он лаб муфарриҳе, ки зи ёқути ноб сохт.

Лаб бо Камол деҳ, чу зи ҷон нола баркашад,
Соқӣ шароб дор, ки мутриб рубоб сохт.