Он чӣ рӯй аст, ки ҳусни ҳама олам бо ӯст

Он чӣ рӯй аст, ки ҳусни ҳама олам бо ӯст,
Дил дар он кӯй на танҳост, ки ҷон ҳам бо ӯст.

Дами Исо, ки ба ранҷур шифо мебахшад,
Дами нақд аз лаби ӯ ҷӯй, ки ин дам бо ӯст.

Хонаи дил ба хаёли лаби ӯ дори шифост,
Чанд нолад дили маҷрӯҳ, ки марҳам бо ӯст.

Даҳанат гарчи зи мо хотами дилҳо дуздид,
Чун бихандад, ҳама донанд, ки хотам бо ӯст.

Гӯ, маёред ба мо шодии бигрехтаро,
Чӣ кунам шодии бе дӯст, ки сад ғам бо ӯст?

Соҳиби дард зи тӯфони бало ҷон набарад,
Нӯҳ ҳар ҷо, ки равад, дидаи пурнам бо ӯст.

Рӯйи зебои ту дар дидаи гирёни Камол
Каъбаи ҳусну ҷамол аст, ки Замзам бо ӯст.