GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Туӣ он офтоби оламорой

Туӣ он офтоби оламорой,
Ки дорӣ дар дили ҳар заррае ҷой!

Ҷамолатро аморӣ дар иморат
Намегунҷад, суйи вайрони мо ой!

Мапӯш аз мо ба мо нури рухи хеш,
Ба гил хуршеди тобонро маяндой!

Миёни мову ту моем парда,
Карам кун в-аз миён ин парда бикшой.

Хирад занг аст бар ойинаи ишқ,
Бидеҳ май, соқиё в-ин занг биздой!

Чу ҷонон ҷони ҷони туст, Ҷомӣ,
Ҷаҳон дар ҷустуҷӯйи ӯ мапаймой.

Бизан дар домани он ҷони ҷон даст,
Манеҳ дигар бурун аз хештан пой!

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, ай абри наврӯзӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Шаб, ки рафтӣ зи барам, мӯниси ҷони кӣ шудӣ?
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар вақти гул, ай булбул, фарёд басе дорӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ На башар хонамат, ай дӯст, на ҳуру на парӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар тарфи рух ниҳодӣ он ҷаъди мушксоро
Абдураҳмони Ҷомӣ Пора-пора дили ҳазини маро
Абдураҳмони Ҷомӣ Ид шуду оламе куштаи ҷавлон туро
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо
Абдураҳмони Ҷомӣ Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб
Абдураҳмони Ҷомӣ То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР