Ҳофизи Шерозӣ

59. Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,
Кардам ҷиноятеву умедам ба афви ӯст.

Донам, ки бигзарад зи сари ҷурми ман, ки ӯ
Гарчи париваш аст валекин фариштахӯст.

Чандон гиристам, ки ҳар кас, ки баргузашт,
Дар ашки мо чу дид равон, гуфт, к-ин чӣ ҷӯст?

Ҳеҷ аст он даҳону набинам аз ӯ нишон,
Мӯй аст он миёну надонам, ки он чӣ мӯст?

Дорам аҷаб зи нақши хаёлаш, ки чун нарафт
Аз дидаам, ки дам ба дамаш кор шустушӯст,

Бе гуфтугӯй зулфи ту дилро ҳамекашад,
Бо зулфи дилкаши ту киро рӯйи гуфтугӯст?

Умрест, то зи зулфи ту бӯе шунидаам,
З-он бӯй дар машоми дили ман ҳанӯз бӯст.

Ҳофиз, бад аст ҳоли парешони ту, вале
Бар бӯйи зулфи ёр парешоният накуст.