Он чӣ сарвест, чӣ хушрафторест?!

Он чӣ сарвест, чӣ хушрафторест?!
Он чӣ тӯтӣ, чӣ шакаргуфторест?!

Он чӣ шӯхеву чӣ шаҳрошӯбе
В-он чӣ хуш ёреву хуш айёрест?!

Дили мо дошта дар зулф нигоҳ,
Бингаредаш, ки чӣ хуш дилдорест!

Пеши чашм он лаби ширин, гӯӣ,
Шарбате дар назари беморест.

Ишқи шириндаҳанон саҳл магир,
Кори Фарҳод на осон корест!

Сари савдои ту танҳо на марост,
ҳар дилеро ба ғамат бозорест.

Бар рухат он ҳама доғ аз хату хол
Дуди дилсӯхтаи афгорест.

Нақди дарвеш агар бедирамист,
Банда дар бедирамӣ Динорест.

Насяву нақд, Камол, аз ту ҳамин
Сими ашкеву зари рухсорест.