Он рух аз маҳ хуҷастафолтар аст

Он рух аз маҳ хуҷастафолтар аст,
Лаб зи Кавсар басе зулолтар аст.

З-он сари зулфи чун пари товус
Мурғи ҷонам шикастаболтар аст.

Дил аз ӯ кай расад ба донаи хол,
Ки зи мӯе заифҳолтар аст?

Сари савдоиён ба хоки раҳаш
Аз сари зулф поймолтар аст.

Сабр дар дил марову раҳм ӯро
Ҳар ду аз якдигар муҳолтар аст.

Хуни мо он писар чунон пиндошт,
Ки зи моли падар ҳалолтар аст.

Нақши Чин гарчи дилкаш аст, Камол,
Нақши килки ту пурхаёлтар аст.