Он сарв, ки омад бари мо, аз чамани кист?

Он сарв, ки омад бари мо, аз чамани кист?
В-он ғунча, ки дилҳо шуд аз ӯ хун, даҳани кист?

Он мева, ки аз боғи биҳишт аст дарахташ,
Наздики даҳан омада, себи зақани кист?

Чун талъати хуршед, ки пӯшид ғубораш,
Зери хати райҳон рухи чун ёсамани кист?

Дар домани гул чок фитодаст зи ҳар сӯ,
Эй боди сабо, бӯйи ту аз пираҳани кист?

Он хирқа, ки аз дасти ту садпора набошад,
Дар савмаъа аз гӯшанишинон ба тани кист?

Ҳар ҷома, ки бошад ба тан, аз об шавад тар,
Он об, к-аз ӯ ҷома нашуд тар, бадани кист?

Аҳсант, Камол, ин на ғазал, оби ҳаёт аст,
Имрӯз бад-ин лутфу равонӣ сухани кист?