Он шӯх, ки рафт аз бари мо, боз куҷо рафт?

Он шӯх, ки рафт аз бари мо, боз куҷо рафт?
Дур аз назари аҳли вафо боз куҷо рафт?

Ҷон тозакунон бар сари болини заифон
Ноомада, чун боди сабо боз куҷо рафт?

Дарди дили ранҷури маро з-он лаби ҷонбахш
Нодода башорат ба шифо, боз куҷо рафт?

Он шоҳ, к-аз ӯ хонаи дил шоҳнишин буд,
Аз кулбаи аҳзони гадо боз куҷо рафт?

Шаҳбозсифат кард басе сайд дилу боз
Бигрифт ба тарки ҳама, то боз куҷо рафт?

Дил рафт ба бӯйи ту зи масҷид ба харобот,
Бечора назар кун, зи куҷо боз куҷо рафт?

Ҳам майкада, ҳам савмаа холӣ зи Камол аст,
Боз аз ту ба зорию дуо боз куҷо рафт?