Он гули нав аз кадомин бӯстон бархостаст

Он гули нав аз кадомин бӯстон бархостаст,
К-аз насими ӯ зи ҳар сӯ бӯйи ҷон бархостаст?

Андалебон то ҳикоят карда з-он болобаланд,
Аз даруни сарв фарёду фиғон бархостаст.

Гарди мушк аст он нишаста гирди рӯяш хатти сабз,
Зоҳиран ин гард ҳам з-он бӯстон бархостаст.

Нолаи болонишин аз дард наншинад фурӯ,
Бар сари садре, ки ин биншинад, он бархостаст.

Шавқи холу зулфу рӯяш синаҳо, к-аз ғам бисӯхт,
Дудҳо, инак, зи ҷони ошиқон бархостаст.

Нақши ҳастӣ бар миёни дӯст натвонем баст,
Бо вуҷудаш номи ҳастӣ аз миён бархостаст.

Ҳар касе гӯяд, зи сар бархост дар ишқаш Камол,
Сар чӣ бошад, аз сари ҳар ду ҷаҳон бархостаст.