Абдураҳмони Ҷомӣ

Бар тарфи рух ниҳодӣ он ҷаъди мушксоро

Бар тарфи рух ниҳодӣ он ҷаъди мушксоро,
Чун шаб сиёҳ кардӣ рӯзи сафеди моро.

Бӯят ба ҳар машоме ҳайф аст агар тавонам,
Сӯйи ту раҳ бибандам омадшуди саборо.

Баъд аз ҳуҷуми ҳиҷрон бе давлати висолат
Боз омадан чӣ имкон сабри гурезпоро.

Аз лаъли ту зи чашмам шуд хуни дил равона,
Бас розҳо, ки гардад аз бода ошкоро.

Дорад рақиб бо ман дандонзанӣ ба кӯят,
Бо ҳам низои дерин бошад сагу гадоро.

Бошад бинои давлат бар ҳиммати гадоён,
Ин аст бар китоба айвони подшоро.

Бо суҳбати кӣ гирам унс инчунин, ки ишқат
Бегона сохт бо ман ёрони ошноро.

Фарёд аз он муаллим, к-омӯхт дар дабистон
Тороҷи дини пирон тифлони дилраборо.

Ҷомӣ, зи сифлатабъон кам шуд сафои ҳолат,
Кардӣ сафоли тира ҷоми ҷаҳоннаморо.