Он нури дида як назар аз ман дареғ дошт

Он нури дида як назар аз ман дареғ дошт,
Тире зи ғамза бар ҷигар аз ман дареғ дошт.

Мешуд накӯ ба захми дигар реши синаам,
Дардо, ки марҳами дигар аз ман дареғ дошт.

Ӯ донаи дур асту манаш муштарӣ, дареғ,
К-он дур(р) рақиби бадгуҳар аз ман дареғ дошт.

Равшан нагашт хонаи чашмам ба сад чароғ,
То хоки кӯю гарди дар аз ман дареғ дошт.

Аз хоки пош буд хабар боди субҳро,
Сардӣ нигар, ки он хабар аз ман дареғ дошт.

Васли худ арчи дошт зи камтолеъон дареғ,
Толеъ нигар, ки бештар аз ман дареғ дошт.

Номи Камол тӯтии ширинзабон ниҳод
В-ин турфа, к-он ду лаб шакар аз ман дареғ дошт.