Оҳ, ки аз ҳоли дилам ҳабиб надонист

Оҳ, ки аз ҳоли дилам ҳабиб надонист,
Мурдаму дарди дилам табиб надонист.

Гул магар он бевафоӣ аз пайи он кард,
К-аз дили маҷрӯҳи андалеб надонист?

Ақл зи ҳар кас, ки моҷарои ту пурсид,
Ҳеч кас ин қиссаи аҷиб надонист.

То дили овора дар каманди ту афтод,
Ҳеч кас аҳволи он ғариб надонист.

Халқ чӣ донад муроди хотири моро?
Коми муҳиббон ба ҷуз ҳабиб надонист.

Дӯш бар он дар чӣ айшҳо, ки намудам
Бо саги кӯяш, ки он рақиб надонист.

Ҳам ба муроде расад Камол, чу касро
Аз карами дӯст бенасиб надонист.