Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст

Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст,
Суханҳои ширин бағоят хуш аст.

Ба абрӯ рухаш ояти ҳусн хонд,
Ки хондан ба меҳроб оят хуш аст.

Наёяд зи ту хуб ҷавру ситам,
Ки аз хуб лутфу иноят хуш аст.

Сари кӯйи ту хуштар аст аз биҳишт,
Зи ҳар рустоӣ вилоят хуш аст.

Ба рӯят нагӯям зи оғӯшу бӯс,
Ки инҳо ба ваҷҳи киноят хуш аст.

Ба даври рухи хуб хуш бигзарон,
Ки даврони гул бениҳоят хуш аст.

Ривоят аз ӯ кун, на аз гул, Камол,
К-аз он сад варақ ин ривоят хуш аст.