GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо

Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо,
З-оташам шамъ ҷудо сӯзаду парвона ҷудо.

Мурдаву зинда малулам зи мулоқоти рақиб,
Ҳаст деринмасале: – Гӯр ҷудо, хона ҷудо.

Чу зи бегонагият гиря кунам бар ғами хеш,
Аз ғамам хеш ҷудо гиряду бегона ҷудо.

Дил, ки маҳрум нишаста-ст аз он оразу хол,
Монда мурғест ҳам аз об, ҳам аз дона ҷудо.

Чунки машшотасифат чеҳраву зулфороӣ,
Кушад аз ғайратам ойина ҷудо, шона ҷудо.

Ай, хуш он муфлиси аз пойфитода зи хумор,
К-аш сабӯ даст ҷудо гираду паймона ҷудо.

Назми Ҷомӣ дигару гуфтаи воиз дигар аст,
Сирри тавҳид ҷудо бошаду афсона ҷудо.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб
Абдураҳмони Ҷомӣ То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат
Абдураҳмони Ҷомӣ Моҳе, ки хест дар шаҳр аз рафтанаш қиёмат
Абдураҳмони Ҷомӣ Ин кулба нишемани ниёз аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳамоно ояти саҷда-ст хат аз мусҳафи рӯят
Абдураҳмони Ҷомӣ Булбуло, ҳар шаб туро ин нолаҳои зор чист?
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз ду чашми ту маст бисёр аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз тунгҳои шаккари ноб он даҳан беҳ аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Ринди дурдикаш, ки бо май дорад имоне дуруст
Абдураҳмони Ҷомӣ Роҳат аз дида рафтанам ҳавас аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР