Аз пеши ман он шӯх чӣ таъҷилкунон рафт

Аз пеши ман он шӯх чӣ таъҷилкунон рафт,
Дил наъра баровард, ки ҷон рафту равон рафт.

Парвона, ки мурд аз ғами рӯе, ба сари хок
Шамъаш бифурӯзед, ки бо сӯзи ниҳон рафт.

Гар хома ба сар баргузарад, паҳлуи номаш
Дар нома нависед, ки сар рафту забон рафт.

Аз дида гар аз судани пояш биравад нур,
Суде накунад дида, ки нураш ба зиён рафт.

Ҳар ҷо хабари хоки кафи пойи ту гуфтанд,
Доман бигирифт ашку ба дандону равон рафт.

Бӯйи ту расонданд зи Юсуф ба Зулайхо,
Он наъразанон омаду он ҷомадарон рафт.

Ҷуз меҳри ту нагзид Камол аз ҳама олам,
Он рӯз, ки аз ҷону ҷаҳон дастфишон рафт.