Гар ҳоли дил ба дӯст на имкони гуфтан аст

Гар ҳоли дил ба дӯст на имкони гуфтан аст,
Бар шамъ сӯзи синаи парвона равшан аст.

Аз ман бигӯ ба муддаӣ, эй ёри ошно,
Ман фориғам зи қасди ту, чун дӯст бо ман аст.

Онро, ки дил ба сӯи лаби ӯ кашад чу ҷом,
Бар сар навиштаанд, ки хунаш ба гардан аст.

Ҷон бигзарад ба кӯи ту, к-он андалеби ғайб
Мурғест, к-аш хатираи қудсӣ нишеман аст.

Ошиқ шикаста по-ш на дар даври тусту бас,
ҳар ҷо фитад чу зулфи ту, мискин фурӯтан аст.

Эй дил, чу бишнавӣ сухани васл аз он даҳон,
Бовар макун, ки он сухани номуайян аст.

Номи Камол рафт ба покизадоманӣ,
То дар ғамат ба хуни дил олудадоман аст.