Эй ибтидои дардат ҳар дардро ниҳоят

Эй ибтидои дардат ҳар дардро ниҳоят,
Ишқи туро на охир, шавқи туро на ғоят.

Завқи азоб то кай бегонаро чашонӣ?
Аз раҳмати ту моро ҳаст ин қадар шикоят.

Дар моҷарои ишқат илму амал нагунҷад,
Он ҷо, ки қиссаи туст, чӣ ҷойи ин ҳикоят?

Дар пеши дониши ту чун тифли роҳнодон
Пирони бокаромат, мардони бовилоят.

Кунҳи ту не набиро маълуму не валиро,
Маълум ин қадар шуд аз Ҷабраилу оят.

Гар дафтари ҳадисам пурхунидил набудӣ,
Ин гуфтаҳо накардӣ дар ҳар диле сироят.

Донӣ, Камол чун раст аз тира рӯзгорон?
Сар барзад офтобе аз машриқи иноят.