Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ду чашми ту маст бисёр аст

Аз ду чашми ту маст бисёр аст
В-аз лабат майпараст бисёр аст.

Ҳамчу аз ишқ тавбаи моро,
Турраатро шикаст бисёр аст.

Кам бувад чун ду соидат, ҳарчанд
Даст болои даст бисёр аст.

Ғамзаатро ба қатли хастадилон
Тири рафта зи шаст бисёр аст.

Боғи лутфию аз синони ситам
Гирди ту хорбаст бисёр аст.

Ба ҳавои ту аз саҳархезӣ
Завқи аҳли нишаст бисёр аст.

Рад макун нақди ҳастӣ аз Ҷомӣ,
К-аз гадо ҳар чӣ ҳаст, бисёр аст!