Эй ба ҷон ошиқон харидорат

Эй ба ҷон ошиқон харидорат,
Ғамзаҳо тез карда бозорат.

Гар кунӣ қасди куштани ёрон,
Д ар чунин корҳо манам ёрат.

То ту, ороми ҷон, зи мо рафтӣ.
Рафт ороми ҷон зи рафторат.

Нимкушта шудам ба як дидан,
Кошкӣ дидаме дигар борат.

Ҷони ширини ту манам, гуфтӣ,
Ҷ они ширин фидои гуфторат!

Чашми бемор бар иёдати туст,
Назаре кун ба чашми беморат.

Барнагирад сар аз дари ту Камол,
Гар бимирад ба пойи деворат.