Абдураҳмони Ҷомӣ

Ринди дурдикаш, ки бо май дорад имоне дуруст

Ринди дурдикаш, ки бо май дорад имоне дуруст,
Дар азал баста-ст бо паймона паймоне дуруст.

Дар либоси шиша то май ҷилвагар шуд, кам гузошт
Хилъати тақвову тавба бар мусулмоне дуруст.

Гар диҳад лаб навҷавоне, менадонам чун газам,
Пириям чун дар даҳан нагзошт дандоне дуруст.

Доманам чок аз ту, чун чинам гул аз гулзори айш,
Чидани гул нест осон ҷуз ба домоне дуруст.

То зи дар масту гиребончок берун омадӣ,
Гашта сад пора шудан бар ҳар гиребоне дуруст.

Нимҷон андар баҳои бӯса бисёре кам аст,
Кошкӣ дур аз ту мондӣ дар танам ҷоне дуруст.

Гуфтаӣ дорам дурустӣ бо ту сад чандон, ки ту
Сад раҳ ин гуфтиву лекин нест чандоне дуруст.

Баҳри арзи ҳоли худ, Ҷомӣ, ба хубони ҷаҳон
Карда саргардон ба ҳар иқлим девоне дуруст.