Эй зи нӯши шакаристони лабат руста набот!

Эй зи нӯши шакаристони лабат руста набот!
Ташнаи пистаи шакаршиканат оби ҳаёт.

Сарв ҳарчанд ки дорад ба чаман зебоӣ,
Ростӣ, несташ ин қомати ширинҳаракот.

Хӯрдаам шарбати ҳаҷрат ба таманнои висол,
Додаам умри гаронмоя ба уммеди вафот.

Мурғи дил сайди чунон бози сари зулфи ту шуд,
К-аш аз ин дом набошад дигар уммеди наҷот.

ҳар ки бинад рухи зебои ту, хонад такбир,
ҳар ки бинад қаду болои ту, гӯяд салавот!

Ба ҷафои ту, агар кушта шавам, саҳл магир,
Куштаи теғи ту бошанд рафеъ-уд-дараҷот.

Натавонад, ки кунад васфи ҷамоли ту Камол,
З-он ки ҳаст оинаи ҳусни ту берун зи сифот.