Эй кулаҳгӯшаи ҳусн омада бар фарқи ту рост!

Эй кулаҳгӯшаи ҳусн омада бар фарқи ту рост!
Сарвро нест чунин қомати зебо, ки турост.

Сунбули зулфи ту машшотаи гулбарги тар аст,
Лолаи рӯи ту ороиши бӯстони сафост.

Ҷаъд бар ҳусни хатат нофаи мушки Хутан аст,
Тоқи абрӯи хушат қиблаи хубони Хитост.

То касе мункири хуршеди ҷамолат нашавад,
Хати шабранги ту бар маҳзари даъво-ш гувост.

Ё магар шефтаи сарви сиҳӣ қомати туст,
Ки бар оҳанг навозад ҳама дар пардаи рост?

Хабари васли ту аз боди сабо мепурсам,
З-он ки моро тамаъи васли ту аз боди сабост.

Соқии ҷуръаи ишқат ба Камол аст мудом,
Гарчи аз майкадаи васли ту пайваста ҷудост.