GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Толиби илми назар шав, худ ҷуз ин таҳсил чист?

Толиби илми назар шав, худ ҷуз ин таҳсил чист?
Ҳосили таҳсили дигар ғайри қолу қил чист?

Чанд роҳи Каъба паймудан, даро дар майкада,
Ҷоми моломол гир, ин гоми миломил чист?

Маҷлиси дурдикашон бенуқл монд, ай муҳтасиб,
Сӯфии дарюзагарро бин, ки дар занбил¹ чист?

Бонги парвози кабӯтар, к-оварад нома зи ту,
Гӯши ошиқро ҷуз овози пари Ҷабрил чист?

Меравӣ зуд аз назар, то бе ту мирам зудтар,
Умр худ мустаъҷил аст, ай ҷон, туро таъҷил чист?

Ишқро Эзид зулоле хонд дар Қуръон қадим, Ай муфассир, шарҳ кун, к-ин нуктаро таъвил чист?

Чун диле равшан надорад шайхи шаҳр аз сӯзи ишқ,
Ин ҳама афрӯхтан дар савмаа қандил чист?

Гарна аз нодидани Юсуфрухе дар мотаманд,
Мисриёнро ҷомҳо бурдан фурӯ дар Нил чист?

Дар харобот аз лагадкӯби бало, Ҷомӣ, матарс,
Каъбаро кардӣ паноҳи худ, ҳароси пил чист?

¹ Занбил – халтаи чармии гадоён.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷуз мурғи ғамат карда ба дил хона касе нест
Абдураҳмони Ҷомӣ То кай аз шавқи лабат ташнаҷигар хоҳам зист
Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳ, ки аз хиҷлати он шамъи шакарлаб бигурехт
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар офтоб силсилаи пуршикан мапеч
Абдураҳмони Ҷомӣ Боғбон мехост буррад шохе аз сарви баланд
Абдураҳмони Ҷомӣ Сари зулфат гираҳ бар кори ман зад
Абдураҳмони Ҷомӣ Саҳаргоҳон, ки аз боди сабо бӯйи баҳорон зад
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил, ки дар боғ зи ҳар гул ғами ёраш гирад
Абдураҳмони Ҷомӣ Омад насиму роиҳаи мушкбор дод
Абдураҳмони Ҷомӣ Наргисосо чу сар аз хок бадар хоҳам кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР