Гар аз ҷафои ту рӯзе дилам биёзорад

Гар аз ҷафои ту рӯзе дилам биёзорад,
Каманди шавқ кашонам ба сулҳ боз орад.

Зи дарди ишқи ту дӯшам умеди субҳ набуд,
Асири ишқ чӣ тоби шаби дароз орад?

Диле аҷаб набувад, гар бисӯхт, к-оташи тез,
Чӣ ҷои мум, ки пӯлод дар гудоз орад.

Туӣ, ки гар бихиромад дарахти қомати ту,
Зи рашк сарви равонро ба эҳтизоз орад.

Дигар ба рӯи худ аз халқ дар бихоҳам баст,
Магар касе зи туам муждае фароз орад.

Агар қабул кунӣ, сар ниҳем бар қадамат,
Чу бутпараст, ки дар пеши бут намоз орад.

Яке ба самъи ризо гӯши дил ба Саъдӣ дод,
Ки сӯзи ишқ суханҳои дилнавоз орад.