Эй ки аз зулфи ту хун дар ҷигари мушки Хитост

Эй ки аз зулфи ту хун дар ҷигари мушки Хитост,
Рӯйи зебои ту оинаи алтофи Худост.

Моҳро равшанӣ аз рӯйи ту мебояд ҷуст,
Сарвро ростӣ аз қадди ту мебояд хост.

Меҳри рухсори ту сӯзест, ки дар ҷони ман аст,
Хатти сабзи ту ғуборест, ки дар хотири мост.

Гар ту, эй сарви хиромон, нанишинӣ аз пой,
Эй басо фитна, ки аз чашми ту бархоҳад хост.

Ҳамчу лола дили ман сӯхта хуни ҷигар аст,
Ки чаро сунбули гесӯи ту дар дасти сабост?

Ҳамчу субҳ аз асари меҳри рухат ҷон бидиҳад,
Ҳар киро дар раҳи ишқи ту дам аз сидқу сафост.

Ончунон зору низор аст зи савдо-т Камол,
Ки чу моҳи нав аз абрӯи ту ангуштнамост.