Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷуз мурғи ғамат карда ба дил хона касе нест

Ҷуз мурғи ғамат карда ба дил хона касе нест,
Ҷо сохта ҷуз чуғд ба вайрона касе нест.

Зад бар дари дил ҳалқа хаёлат зи сари зулф,
Гуфтам, ки дарун ой, ки бегона касе нест.

Дар майкадаҳо гаштаму дар савмааҳо низ
Аз чашми ту бе наъраи мастона касе нест.

Аз рӯю лабу зулфи ту имрӯз дар ин шаҳр
Ҷуз ошиқу майхораву девона касе нест.

Гӯ, бо дигарон шарҳи каромоти худ, ай шайх,
Дар маҷлиси мо қобили афсона касе нест.

Аз нуктаи яктоии ҳуснат чӣ занам дам,
Шоистаи ин гавҳари якдона касе нест.

Ҷомӣ, чу дилат рафт, ба сина чӣ занӣ санг,
Дар кӯфтанат чист, чу дар хона касе нест!