Инчунин сурати матбӯъ зи ҷон натвон сохт

Инчунин сурати матбӯъ зи ҷон натвон сохт,
Гар тавон сохт, чу қадди ту равон натвон сохт.

Он ду абрӯйи муқаввас ду камонанд баланд,
Ки ба сад қарн аз ин турфа камон натвон сохт.

Гуфтам: Он ғамзаи шӯх аз чӣ зи абрӯст фурӯ?
Гуфт: Болотар аз устод дукон натвон сохт.

Бут тавон сохтану сохтан аз санг дилаш,
Сахттар аз дили бераҳми бутон натвон сохт.

Нест ӯро даҳан, аммо сухане сохтаанд,
Сухани сохта ширинтар аз он натвон сохт.

Ҳайфам ояд ба қалам номи лабат бурд, дареғ,
Ки қаламро зи найи қанд забон натвон сохт.

Дар сухан лутфи илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол,
В-арна сад сол ба фикр ин суханон натвон сохт.