GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар офтоб силсилаи пуршикан мапеч

Бар офтоб силсилаи пуршикан мапеч,
Мушкинтаноб бар варақи ёсуман мапеч.

Захмам задӣ ҳазор зи як нукта, ай рақиб,
Монанди мор ин ҳама бар хештан мапеч.

Бар тан шаҳиди ишқи туро хун либос бас,
Чун мурдаи фусурдааш андар кафан мапеч.

Хоҳам, ки сар ниҳӣ ба канорам ба вақти хоб,
Имшаб Худойро, ки сар аз ҳукми ман мапеч.

Бошад, дило, фасонаи он зулф бас дароз,
Тӯморвор дар сифаташ бар сухан мапеч.

Бӯяш ба ҳар машом дареғ ояд, ай насим,
Магзар дар он қабову дар он пераҳан мапеч.

Ҷомӣ туро камол бас аст ин тариқи хос,
Дар таври шеъри Хусраву назми Ҳасан мапеч.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Боғбон мехост буррад шохе аз сарви баланд
Абдураҳмони Ҷомӣ Сари зулфат гираҳ бар кори ман зад
Абдураҳмони Ҷомӣ Саҳаргоҳон, ки аз боди сабо бӯйи баҳорон зад
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил, ки дар боғ зи ҳар гул ғами ёраш гирад
Абдураҳмони Ҷомӣ Омад насиму роиҳаи мушкбор дод
Абдураҳмони Ҷомӣ Наргисосо чу сар аз хок бадар хоҳам кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Ишрати Хусраву Ширин саҳарам ёд омад
Абдураҳмони Ҷомӣ Шабам зи мурғи чаман ин наво ба гӯш омад
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар диёри Миср агар Юсуфрухе пайдо шавад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай хуш, онон, ки хами турраи ёре гиранд
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР