Абдураҳмони Ҷомӣ

Саҳаргоҳон, ки аз боди сабо бӯйи баҳорон зад

Саҳаргоҳон, ки аз боди сабо бӯйи баҳорон зад,
Ба гулгашти чаман булбул салои майгусорон зад.

Набошад ҷуз барои майгусорон арсаи бустон,
Ки ҷорӯбаш насими субҳу обаш рашҳи борон зад.

Зи гул ҳар гулбун омад гулузоре хурраму хандон,
Хуш он кас, к-ӯ майи гулгун ба рӯйи гулузорон зад.

Маҷӯ аз хатти даври ҷоми софӣ ҳарфи ҷамъият,
Ки даврон ин рақамро бар сафоли дурдхорон зад.

Ба айби орифон бикшод лаб шайхи дағопеша,
Бибин қаллобро, чун таъна бар соҳибиёрон зад!

Бад-ӯ кардам рухи уммед, ҷаст аз кӯйи ӯ боде,
Ғубори ноумедӣ дар рухи уммедворон зад.

Мунаққаш гашт девораш зи хуни ошиқи бедил,
Бар он ҷо, баски сар чун хомаи суратнигорон зад.

Нарафт аз ҷо дили ман бо хаёли тири мижгонаш,
Чу султони диловар бар сафи ханҷаргузорон зад.

Мағисуддавла Яъқуб¹ он ки буд, ӯ мақсади аслӣ,
Чу гардун сиккаи давлат ба номи шаҳрёрон зад.

Дуои давлати ӯ дошт Ҷомӣ, гӯйӣ, истидъо²,
Ки дасти масъалат дар домани парҳезгорон зад.

¹ Мағисуддавла Яъқуб – Султон Яъқуби Оққуюнлу (¹⁴⁷⁸-¹⁴⁹⁰)
² Истидъо – илтимос, талаб, хоҳиш.